Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баъди 3 моҳ бармегашт". Як маҳбуси тоҷик дар ҷанги зидди Украина бедарак шудааст


Ҷаҳонгир Пӯлодов, як шаҳрванди Тоҷикистон, дар ҷанги Русия алайҳи Украина бедарак шудааст.

Ба гуфтаи наздиконаш, мақомоти Русия Ҷаҳонгири 32-соларо ҳангоми адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии вилояти Владимир ба артиш бурда, аз онҷо ба ҷанг фиристодаанд.

Манучеҳр Пӯлодов, бародари Ҷаҳонгир, ба телевизиони "Настояшее Время", як тарҳи Радиои Озодӣ, гуфт, "ман ба фармондеҳаш занг задам, гуфтанд, ки ҳеч ёрие карда наметавонем. Ягон маълумот надорем. Ба Вазорати мудофиаи Русия занг задам. Онҳо ҳам гуфтанд, ки бе ному нишон шудааст".

Мусоҳиби мо нақл кард, ки то поёни муҳлати ҷазои бародараш ҳамагӣ се моҳ монда буд ва ӯ мебоист моҳи октябр озод мешуд. Аммо дар охири моҳи июл Ҷаҳонгир ба онҳо занг зада, хабар додааст, ки маҷбур шуд, шартномаро имзо кунад. Манучеҳр Пӯлодов бовар дорад, ки бародарашро маҷбурӣ ва зери шиканҷа ба ҷанг бурдаанд. Ӯ мегӯяд, дар яке аз тамосҳо Ҷаҳонгир ашки чашмашро дошта натавониста, ба ин кор иқрор гаштааст.

Дар яке аз паёмҳои видеоиаш Ҷаҳонгир Пулодов гуфтааст, дар як машқгоҳ (полигон) қарор дорад ва тамос дар ин ҷо мушкил аст: "Субҳ, соати 4, баромадем, то ҳол роҳ меравем. Гуфтанд, шояд соатҳои 12 ба хона баргардем. Ҳамин тавр дар полигон саргардонем. Дар ин ҷо иртибот хеле бад аст, бародар. Ту менависӣ-менависӣ, аммо ман ҷавоб дода наметавонам, чун дар полигон тамос қатъ мешавад. Ба болои теппа мебароем - каме меояд, поён мефароем - тамоман нопадид мешавад. Ҳамин хел вазъ".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Як зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина нопадид шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Дар паёми охирини видеоӣ ӯ ба бародараш хабар додааст, ки рӯзҳои наздик онҳоро ба ҷанг ворид мекунанд: "Бародар, ман ба ту нисфирӯзӣ хабар медиҳам. Эҳтимол 9 ё 10-ум фиристанд. Хулоса, ҳеч кас чизеро намедонад, ман ба ту баъд аниқ мегӯям. Ҳозир мо мегардем, ҳамин кору вазифаҳои навро меомӯзем…"

Ба гуфтаи Манучеҳр, бародараш ба қисми низомии 11-740 фиристода шуда буд, ки ба бригадаи мотопиёдагардии 164-ум тааллуқ дорад. Кори ин қисм ҳамла будааст. Бародари Ҷаҳонгир ҳадс мезанад, ки шояд вай дар ҷанг захмӣ шуда бошад, зеро ҳамаи талошҳояш барои дарёфти маълумот нисбат ба ӯ бенатиҷа будаанд.

Манучеҳр Пулодов гуфт: "Ҳамхидматҳояш мегӯянд, панҷ нафари онҳоро барои вазифа равон карда буданд, чор ҳамхидматаш баргаштанд, ҳамаи онҳо тоҷик будаанд. Ба ман нақл карданд, ки гуё ба Ҷаҳонгир дрон (паҳпод) ҳамла кардааст. Ӯ афтидаасту ҳамхидматаш ратсияи ӯро гирифтаст. Баъд аз чанд рӯз онҳо ба ҷойи ҳодиса баргашта диданд, ки на ҷасаду на устухоне аз вай намонда буд.

Шумори дақиқи тоҷикистониёне, ки аз тарафи Русия дар ҷанги зидди Украина иштирок мекунанд, нашр намешавад. Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон, дар моҳи август гуфта буд, ки чунин омор "мавҷуд нест".

Вале тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи соли ҷорӣ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд.

Ҳамин тарҳ дар моҳи сентябр рӯйхати 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Бо вуҷуди он ки ширкат дар ҷангҳои бегона дар Тоҷикистон ҷазо дорад, то ҳол дар ин робита ягон парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

XS
SM
MD
LG