Маросими видоъ бо Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, рӯзи 10-уми декабр бо ҳузури даҳҳо рӯзноманигору фарҳангиён дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар маросим ҳайатҳои расмӣ ширкат надоштанд.
Китоби деринтизори хотироти Гугуш ситораи маъруфи поп дар миёни форсизабонони ҷаҳон ба забони инглисӣ ва таҳти номи "Садои гуноҳолуд" нашр шуд. Ба забони форсӣ низ ҳафтаи оянда дастраси ҳаводоронаш мешавад.
Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарзода), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, ки ҳуқуқи одамон, бавижа занону духтарон, дар эҷодиёташ мавзӯи асосӣ аст, рӯзи 19-уми ноябр панҷоҳсола шуд.
Донишмандони тоҷик "таъқиботи сталинӣ"-ро ба тарзҳои гуногун шарҳ дода, омилу сабабҳо ва фитнаҳоеро, ки он замон мегузашт, номбар кардаанд. Яке аз онҳо адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон аст ва Радиои Озодӣ дар як суҳбати вижа ин мавзуъро бо ӯ дар миён гузошт.
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи тиббии Хатлон, ки аз муассисаҳои таълимии тозатаъсисанд, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ сол ба сол зиёд мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд филмеро ба намоиш гузоштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу ҳаёҳуро барангехта буд. Таҳиягараш Соҳибёри Толиб аст. Филм назари интиқодӣ ба даврони Шӯравӣ дорад ва гуфтугӯи наслҳои гузаштаву имрӯзро дар бар мегирад.
Дар шаҳри Хуҷанд филмеро ба намоиш гузоштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу ҳаёҳу барангехта буд. Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” баҳори имсол дар Душанбе баргузор гардид. Таҳиягараш Соҳибёри Толиб аст.
Иржи Бечко. Шарқшиноси чех-шогирди ховаршиноси дигари маъруфи чех Ян Рибка. Донишманде, ки дар эроншиносии Аврупо тағйир овард ва бахшҳои онро аз дохил ба шакли ҷудогона пажуҳиш ва муаррифӣ кард.
Ёфтҳои бештар