Дастаи "Сардор”-и шаҳри Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025, ки аз рӯйи натоиҷи ду бозии гузаришӣ (2:2 ва 2:0) тими “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъро мағлуб намуд, дар мавсими оянда дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Чаҳор муштзани тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ин мусобиқот то рӯзи 13-уми декабр дар шаҳри Дубай идома меёбад. Дар маҷмуъ намояндагони беш аз 120 кишвар ширкат доранд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозии мавқуфмондаи даври 19-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро бо тими “Вахш”-и Бохтар бо ҳисоби 1:1 ба поён расонд. Ин натиҷа имкон дод, ки “Истиқлол” ғолиби мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ шуда, бори чордаҳум ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гардад.
Дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tokyo Grand Slam 2025, ки рӯзҳои 6-7-уми декабр дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио - доир гардид, паҳлавонони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.
Муҳаммад Наимов, размикори тоҷик, дар мусобиқоти UFC Fight Night 323 дар вазни нимасабук дар Лас-Вегаси ИМА аз намояндаи Бразилия Майрон Сантос дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ ё фаннӣ шикаст хӯрд.
Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026, ки аз 11-уми июн то 19-уми июл дар ҳудуди се кишвар -- ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад, доир гардид.
Дар рӯзи аввали мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tokyo Grand Slam 2025, ки 6-уми декабр дар шаҳри Токиои Ҷопон доир гардид, ду паҳлавони тоҷик дар даври аввал шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ду бозии мавқуфмондаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 9:0 ва “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот пешсаф шуд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ феҳрасти варзишгаронро дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ нашр кардааст, ки паҳлавонони тоҷик низ ба ин рӯйхат шомил шудаанд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 миёни духтарони то 18-сола, ки аз 22-юм то 29-уми ноябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, ғолиб шуд.
Ёфтҳои бештар