Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон гуфтааст, дар соли 2025 дар ҷаҳон даҳҳо рӯзноманигор кушта ва садҳо тани дигар дастгиру паси панҷара андохта шуданд. Тоҷикистон ҳам истисно нест.
Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар Русия зиндонӣ буд, дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст. Ҷасад ё пайкари Алӣ Забурзодаи 39-соларо рӯзи 7-уми декабри имсол аз Русия ба Душанбе оварда, дар зодгоҳаш, деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ, дафн карданд.
Маросими видоъ бо Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, рӯзи 10-уми декабр бо ҳузури даҳҳо рӯзноманигору фарҳангиён дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар маросим ҳайатҳои расмӣ ширкат надоштанд.
Маркази занони "Гулрухсор" дар бораи озору азияти занону духтарон дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқотеро анҷом дод. Ин кор бо ҳимояти Марказии байнулмилалии таҳқиқоти гендерӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҷаҳонгир Пӯлодов, як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги зидди Украина бедарак шудааст.
Хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон охирин маҳалли зисти Бахтовар Расулови 19-сола буд. Ҷасади овезони ӯро рӯзи 6-уми декабр яке аз ҳамхонаҳояш пайдо кард.
Як таҳқиқи нави гурӯҳе аз табибону донишмандон нишон додааст, ки ҳарчанд издивоҷи хешутаборӣ дар Тоҷикистон камтар шуд, ҳанӯз ҳам ташвишовар ё нигаронкунанда мемонад.
Наздикони як сарбоз дар Кӯлоб иддао доранд, ки ӯ бемор аст ва бояд ҳарчи зуд аз хидмат дар артиш озод карда шавад. Онҳо барои исботи гуфтаҳояшон санади тиббӣ ва навори писари беморашонро дар ихтиёри мақомот гузошта, вале то ин дам посух нагирифтаанд.
Баъзе аз табибони касбӣ ва халқӣ дар Тоҷикистон аз ҳуҷраҳои корӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ кӯчидаанд. Онҳо дар ҳар масъала машварат медиҳанд. Аз сармохӯрдагӣ то фишори баланду камхунӣ ва қанду иртиботи ҷинсӣ. Назарҳо ба кори онҳо яксон нест.
Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди пешини ҳукумати шаҳри Исфара ва ҳамсару духтараш шоми 7-уми декабр дар шароити номаълум фавтидаанд. Наздиконаш мегӯянд, аҳволи аъзои ин оила баъди истеъмоли хӯроки шом бад шуда, се нафарашон то даъвати пизишкон ҷон доданд.
Ёфтҳои бештар