Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон гуфтааст, дар соли 2025 дар ҷаҳон даҳҳо рӯзноманигор кушта ва садҳо тани дигар дастгиру паси панҷара андохта шуданд. Тоҷикистон ҳам истисно нест. Гуфтугӯ бо муҳаққиқи Гузоришгарони Бидуни Марз, Жанна Кавелйе.
Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст. Ҷасади Алӣ Забурзодаи 39-соларо аз Русия ба Душанбе интиқол доданд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ ним соли охир бедарак буд ва баъдан хабари маргашро шуниданд.
Дар Душанбе имрӯз маросими хоксупории Гули Зард, адиби тоҷик барпо шуд. Ӯ дирӯз дар синни 62-солагӣ даргузашт. Гули Зард дар осораш бештар сарнавишти занонро ба тасвир мегирифт.
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Як таҳқиқи тоза дар бораи озору азияти лафзии занон дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки бештар аз ҳама онҳое таҳқиру дашному ҳамлаҳои лафзӣ мебинанд, ки барои ҳаққи занон садо баланд мекунанд. Таҳқиқро “Гулрухсор”, як созмони ҳомии ҳуқуқи занон анҷом додааст.
Ҷаҳонгир Пӯлодов, як шаҳрванди Тоҷикистон, дар ҷанги Русия алайҳи Украина бедарак шудааст. Ба гуфтаи наздиконаш, мақомоти Русия Ҷаҳонгири 32-соларо ҳангоми адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии вилояти Владимир ба артиш бурда, аз онҷо ба ҷанг фиристодаанд.
Бахтовар соли дуюм буд, ки дар бахши забонҳои Осиё ва Аврупои донишгоҳ таҳсил мекард. Ба нақли дӯстон ва ҳам наздиконаш ӯ он рӯз аз дарс зудтар баргашта, дар милаи парда худро овехтааст.
Хабарҳои рӯз
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, мегӯяд, кишвараш ягон порча аз қаламрави худро ба Русия намедиҳад ва барои ҳамин аст, ки мубориза мебарад. Ӯ рӯзи 8-уми декабр ба хабарнигорон гуфт, на Қонуни асосӣ ва на қонунҳои байнулмилалӣ ба Украина иҷоза намедиҳанд, аз қаламрави худ даст кашад.
Як таҳқиқи нави гурӯҳе аз табибону донишмандон нишон додааст, ки ҳарчанд издивоҷи хешутаборӣ дар Тоҷикистон камтар шуд, ҳанӯз ҳам ташвишовар ё нигаронкунанда мемонад.
Ахбори Озодӣ
Дар шаҳри Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, зоҳиран ғизои заҳролуд сабаби марги се узви як хонадон шудааст. Дар байни қурбониён падару модар ва як кӯдаки чаҳорсолаи онҳо буда, се нафари дигар дар шифохона муолиҷа мегиранд.
Ёфтҳои бештар