Даъвои зан: "Маро бемор карданд." Табибон: "Ӯро наҷот додем"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дилафрӯзи Хуршед, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, панҷ моҳ пеш, дар 34-солагӣ, тифли аввалинашро ба дунё овард, аммо аз кори пизишкон норозист. Вай иддао дорад, ки “бо хатои духтурон” дигар фарзанддор намешавад, чун бачадонаш гирифта шуд ва саломатияш ҳам аз даст рафт.