Тарҳи сулҳи Трамп барои Украина. Зеленский ба мавзӯъҳои ихтилофӣ ишора кард

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мегӯяд, ки ҳолати минтақаи Донбасс ва назорат бар нерӯгоҳи ҳастаии Запороже, ду нуқтаи калидии мавриди ихтилоф дар музокирот бо Вашингтон барои расидан ба созиш ҷиҳати поён додан ба ҷанг бо Русия аст.

Зеленский рӯзи 11 декабр гуфт, ки Вашингтон ҳамоно исрор дорад, ки Киев барои поён додан ба ҷанг дар Украина, ба Русия имтиёз бидиҳад. Ҷанг дар Украина дар моҳи феврали соли 2022 оғоз шуд.

Раисҷумҳури Украина афзуд, ки Вашингтон фақат мехоҳад Украина нерӯҳои худро аз бахшҳое аз минтақаи Донбасс берун кунад -- ҷойе, ки як минтақаи ҳоил ё буферии ғайринизомӣ байни ду артиш эҷод хоҳад кард.

Владимир Зеленский гуфт, ки бархе бар ин бовар ҳастанд, ки тарҳи сулҳи Вашингтон бисёре аз хостаҳои Русияро дар назар гирифтааст ва музокирот ҳанӯз дар мавриди минтақаи Донбасс ва нерӯгоҳи ҳастаии Запороже идома дорад.

"Ҳар тасмиме дар мавриди инки кадом бахш аз хоки Украина гирифта шавад, бояд аз сӯи мардуми Украина гирифта шавад. Мардуми Украина бояд ба ин суол посух диҳанд, чӣ дар ҳамапурсӣ ва чӣ аз тариқи интихобот",-афзуд Зеленский.

Владимир Зеленский рӯзи душанбе дар Лондон бо Эммануэл Макрон - раисҷумҳури Фаронса, Кийр Стармер - нахуствазири Бритониё ва Фридрих Мертс - садри аъзами Олмон дидору гуфтугӯ кард ва тибқи гузоришҳо, як рӯз пас аз ин дидор, тарҳи сулҳро бо Вашингтон дар миён гузошт.

Украина рӯзи 10 декабр расман эълон кард, ки нусхаи наве аз тарҳи поёни ҷангро ба Вашингтон пешниҳод кардааст, аммо афзуд, ки то замони посухи Амрико, ҷузъиёти тағйиротро фош нахоҳад кард.